12 куштаву захмӣ дар хатти назорати Кашмир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47606-12_куштаву_захмӣ_дар_хатти_назорати_Кашмир
Нерӯҳои марзбонии Ҳинд ва Покистон дар хатти назорати минтақаи Кашмир мавозеи якдигарро гулӯлаборон карданд, ки бар асари он 12 нафар куштаву захмӣ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 16, 2019 14:27 Asia/Dushanbe
  • 12 куштаву захмӣ дар хатти назорати Кашмир

Нерӯҳои марзбонии Ҳинд ва Покистон дар хатти назорати минтақаи Кашмир мавозеи якдигарро гулӯлаборон карданд, ки бар асари он 12 нафар куштаву захмӣ шуданд.

Ба нақл аз канали радио ва телевизиони Урду Саҳар, дар ҳамлаи субҳи рӯзи чоршанбе дар хатти назорати минтақаи Кашмир се покистонӣ ва як ҳиндӣ кушта ва 8 тани дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҳамла нерӯҳои Ҳинд ва Покистон якдигарро ба нақзи тавофуқномаи оташбас ва ҳамла алайҳи манотиқи ғайринизомии ду тараф дар хатти назорати Кашмир муттаҳам карданд.

Ҳинду Покистон дар соли 2003 тавофуқномаи оташбас дар хатти назорати Кашмирро имзо карданд, аммо аз он замон то кунун, ҳар ду кишвар борҳо онро нақз кардаанд.