Октябр 16, 2019 15:16 Asia/Dushanbe
  • Пхенян: Кореяи Шимолӣ таслими Амрико намешавад

Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо хасмона тавсиф кардани таҳримҳо ва фишорҳои Амрико алайҳи ин кишвар таъкид кард: Пхенян таслими Вашингтон намешавад.

Ба нақл аз ИРНА, Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи чоршанбе дар ҳоле, ки роҳии кӯҳи Пикадо, болотарин куллаи шибҳи ҷазираи Корея ва зодгоҳи падари фақидаш буд, ба мақомоти Амрико дар бораи ҳар гуна иқдомоти хасмона алайҳи кишвараш ҳушдор дод.

Пеш аз ин ҳам Ри Йонг Ҳо, вазири умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ ҳушдор дода буд дар сурате, ки Амрико таҳримҳои Пхенянро лағв накунад, Кореяи Шимолӣ эҳтимолан озмоишҳои таслиҳотӣ ва дигар фаъолиятҳои тавсиаи мушакии худро аз сар мегирад.

 

Барчасп