Октябр 16, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи “Ҳалол 2019” –и Канада

Намоишгоҳи “Ҳалол 2019” –и Канада баргузор шуд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи ҳалол, равнақ бахшидан ва созмондеҳии тиҷорату санъати ҳалол ва исломӣ дар Канада мебошад, ки дар солҳои ахир равнақ ва рушди қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Намоишгоҳи “Ҳалол 2019” –и Канада - нахустин ва танҳо рӯйдоди тиҷории вижаи санъати сабуки зиндагии ҳалол дар Амрикои Шимолӣ дар таърихи 8 то 9 октябр дар шаҳри Миси Сагаи Канада баргузор шуд.

Намоишгоҳи ҳалоли Канада аз ширкаткунандагон ва ғурфадорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ аз бахшҳои мухталифи бахши ҳалол, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва ошомиданӣ, умури молӣ ва сармоягузорӣ, мусофират ва гардишгарӣ ва мушовира, дорусозӣ, маҳсулоти мукаммал, доруӣ ва лавозими ороишӣ истиқбол карданд.

Носир Диб, баргузоркунандаи ин намоишгоҳ гуфт, ки намоишгоҳи Канада 2019 қасд дорад то тиҷорати ҳалол дар Канадаро равнақ диҳад ва ба ширкатҳои канадаӣ ин фурсатро медиҳад то дар мавриди санъати сабуки зиндагии ҳалол огоҳӣ ёбанд ва патенсиалҳои пинҳони маҳсулоти сабуки зиндагии ҳалолро кашф кунанд.

Ин намоишгоҳ шомили як салони бозорча бо ғурфаҳое барои соҳибони машоғил, фурӯшандагон ва анҷуманҳои муртабит бо бахши ҳалол буд.