Октябр 16, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • “327 ҳадис аз аҳли байт (а)” - аз тозаҳои нашр дар Олмон

“327 ҳадис аз аҳли байт (а)” - номи китобе ба забони олмонӣ аст, ки дар соли ҷории мелодӣ вориди бозори нашри ин кишвар шудааст.

Ба гузориши ИКНА, мутарҷими ин китоб Мария Занд” аст ва ин асар дар 64 сафҳа аз сӯи интишороти “Исломико” дар Олмон дар соли 2019 мелодӣ чоп ва мунташир шудааст.

Дар ин китоб аҳодисе аз аҳли байт (а) дар бораи зиндагии рӯзмара, неъматҳои илоҳӣ, мушкилот ва сахтиҳои зиндагӣ, шахсияти афрод, саломатӣ ва зиндагии баъд аз марг ба забони олмонӣ гирдоварӣ ва тарҷума шудааст.

Дар муаррифии ин асар омадааст, хондани аҳодиси китоб ва огоҳӣ ва дарки суханони аиммаи атҳор (а) моро ба Худои мутаол наздиктар мекунад.