Октябр 16, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Мусулмонони Русия дар сӯги Арбаини Ҳусайнӣ

Бисёре аз мусулмонони манотиқ ва шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла Доғистон, Маскав ва Санкт-Петербург, ки барои пиёдаравии Арбаин ба Ироқ нарафтаанд, иқдом ба баргузории маросими сӯгворӣ ба ин муносибат мекунанд.

Бисёре аз мусулмонони Доғистон (яке аз манотиқи федералии Русия), ки аз муддатҳо пеш омодаи сафар ба Ироқ дар айёми Арбаини Ҳусайнӣ буданд, озими ин кишвар шуданд.

Пеш аз ин, мусулмонони ин минтақа фарохонӣ дар хусуси сафар ба Ироқ дода буданд то афроде, ки қасди сафар ба ин кишварро доранд, ба сурати гурӯҳӣ роҳии ин сафар шаванд.

Илова бар мусулмонони Доғистон, гурӯҳе аз мусулмонони Маскав низ озими Ироқ шудаанд то дар айёми Арбаини Ҳусайнӣ дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Аз ҷумлаи ин афрод метавон ба озаризабонҳо ва афғонистониҳое, ки дар Маскав сокин ҳастанд, ишора кард. Дар канори анҷоми ин сафари маънавӣ, маросими сӯгворӣ ва суханронӣ дар Доғистон ва дигар шаҳрҳои Русия, ки мусулмонон дар он ҷо сокин ҳастанд, низ баргузор мешавад.

Санкт-Петербург аз дигар шаҳрҳое аст, ки ин маросим дар он ҷо баргузор мешавад. Ҳамчунин дар марокизе аз Маскав ҳамчун ҳусайнияи афғонистониҳо, озариҳо, Маркази исломии Маскав ва масҷиди Хотамуланбиё (с) низ ин маросим барпо мешавад.

Даъват аз меҳмонони эронӣ барои ҳузур дар ин маросим ва додани назрӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳое аст, ки дар ин гуна барномаҳо иҷро мешавад.