Октябр 18, 2019 19:22 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати сарони Иттиҳодияи Аврупо бо тавофуқи нави Бригзит

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳимояти расмии худро аз тавофуқи нави Бригзит эълом карданд.

Ба гузориши хабргузории Форс, сарони Иттиҳодияи Аврупо панҷшанбе шаб дар нишасте дар Бруксел мувофиқати худро бо тавофуқи нави Иттиҳодияи Аврупо ва Британия дар хусуси наҳваи иҷроии Брикзит эълом карданд.

Тавофуқи Барис Ҷонсон нахуствазири Британия бо Иттиҳодияи Аврупо бар сари наҳваи хуруҷи Лондон аз Иттиҳодияи Аврупо барои ниҳоӣ шудан ба тасвиби маҷлиси авоми Британия ва парлумони Аврупо ниёз дорад.

Сарони ду Ҳизби Бризгит ва Коргари Британия асри имрӯз тавофуқи нави давлати ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо барои иҷроии Бригзитро мавриди интиқод қарор дода ва онро бефоида донистанд.

Жан Клот Юнкер раиси камисиюни Аврупо ва Барис Ҷонсон нахуствазири Британия, зуҳри панҷшанбе аз тавофуқи Бруксел ва Лондон бар сари наҳваи хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо Брикзит хабар доданд.

 Мардуми Британия ( Англис, Ирланди шимолӣ, Искотланд ва Валз ) се сол пеш дар як ҳамапурсӣ ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо рай доданд. Қарор буд фароянди хуруҷ то пеш аз ибтидои имсол такмил шавад, аммо нокомии Лондон ва Бруксел дар тавофуқ дар мавриди вазъияти робитаи сиёсӣ ва иқтисодӣ пас аз иҷроии Бригзит, ба таъвиқ дар ин фароянд сабаб шуд.

Муҳлати Британия барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо 9 ақраб ба поён мерасад ва Ҷонсун исрор дорад,ки Британияро дар таърихи муқарар,аз ин Иттиҳодия хориҷ кунад.

Нотавонӣ дар фароянди хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо то кунун ба сарнагунии 2 давлати Девид Комрун ва Тереза Май сабаб шудааст.