Октябр 19, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси маҷлиси Думаи Русия дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Думаи давлатии Русия дар Душанбе дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин дар “Қасри Миллат” бо якдигар дидор ва авзои феълӣ ва дурнамои тавсеаи равобити ду ва чандҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.

Раҳмон ва Володин бар тақвияти равобити байналмаҷолиси Тоҷикистон ва Русия дар чаҳорчӯби мушорикати роҳбурдии ду кишвар ба унвони омили муҳими тавсеаи равобити Душанбе ва Маскав таъкид карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор таваҷҷуҳи вижаи раиси Думаи давлатии Русияро ба шитоббахшӣ дар раванди сохтусози мактабҳои русзабон дар ин кишвар хостор шуд.

Ҳамчунин иҷро шудани тавофуқоти дуҷониба, тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Маскав, ҷазби сармоя барои тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон, беҳбуди ҳамкориҳои кишоварзӣ, санъатӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва илмӣ, низомӣ ва муҳоҷират аз дигар мавзӯоти матраҳ дар ин дидор буд.

 

 

 

Барчасп