Хориҷ кардани 52 килограм пластик аз шиками як гов дар Ҳинд
Октябр 20, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
Ҷарроҳони Донишгоҳи улум пизишкии Тамил Надо дар Ҳинд пас аз панҷ соату ним талош 52 килограм анвои пластикро аз меъдаи як гов хориҷ карданд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин пизишкон илова бар пластикҳо, шайъҳои филизӣ монанди сузан ва санҷоқ ҳам аз шиками ин гов хориҷ карданд.
Соҳиби гов пас аз ин ки рӯзҳо шатта заданҳои пай дар пайи гов ба шиками худ ва низ кам шудани ширро мушоҳида мекард дар паи баррасии ин мушкил баромад.
Пас аз коҳиши шадиди шири гов ва баъд аз озмоишҳои мухталиф мушаххас шуд ин ҳайвон миқдори зиёде партов хурдааст.