Растохези марди ҳиндӣ дар маросими хоксупориаш
Октябр 20, 2019 08:07 Asia/Dushanbe
Марди 55 солаи ҳиндӣ, ҳангоми хуксупории ҷанозааш ба ҳуш омад ва сарашро такон дод.
Ба нақл аз Спутник, наздикони ин фард гуфтаанд, ки ӯ ҳангоми чарондани бузҳояш ҳушёрии худро аз даст дода буд ва бастагонаш фикр мекарданд ӯ даргузаштааст ва барои ӯ маросими хоксупорӣ тартиб доданд.
Аммо замоне, ки қарор буд дар қабр қарор гирад яке аз ҳозирон мутаваҷҷеҳи ҳаракати ҷаноза шуд ва пас аз он, бедаранг вайро ба бемористон мунтақил карданд.
Пизишкон дарёфтанд, ки ин мард дучори табларзаи шадид шуда буд, ки бар асари он ҳушёрии худро аз даст дода ва ба назар расида буд, ки мурдааст.
Барчасп