Рунамоӣ аз тарҷумаи олмонии шеърҳои Ҳофиз дар Берлин
Тарҷумаи олмонии Девони Ҳофиз ба тасҳеҳи устод Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ба муносибати дусадумин солгарди интишори Девони ғарбӣ шарқии Йоханес Гёте рунамоӣ шуд.
Ба нақл аз хабааргузории Садо ва Симо, ин Девони Ҳофизро Муҷтабо Ҳусайнӣ ба забони олмонӣ тарҷума ва интишороти Шамъу меҳ чоп кардааст.
Дар маросими рунамоӣ аз ин асари фохир, ки дар ҳошияи барпоии намоишгоҳи китоби Берлин сурат гирифт, Томас Огер (устоди собиқи Эроншиносии донишгоҳи Берлин) дар суханоне бо ишора ба таъсири амиқи Ҳофиз бар осори Гёте ашъоре аз девони ин шоири номии олмониро хонд.
Вай ба тарҷумаи бахше аз осори Ҳофизи Шерозӣ ба қалами профессор Гизла Крафт исломшиноси олмонӣ ишора ва байтҳое аз ин шеърҳоро қироат кард.
Томас Огер бо ишора ба таъсири фарҳангии шоирони бузурги Эрон бар ҷомеаҳои байналмиллалӣ аз дарҷи шеъри Саъдӣ бар сар дари Созмони Миллал ёд кард.