Вуқӯи 57 тирандозӣ таи як шабонарӯз дар Амрико
Октябр 20, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
Бар асари вуқӯи тирандозӣ таи 24 соати гузашта дар Амрико, дастикам 72 нафар кушта ё захмӣ шуданд.
Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико эълом кард, 57 тирандозии 24 соати гузашта дар иёлатҳои Ню-Йорк, Индиана ва Кентукки дастикам 24 кушта ва 48 захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Тибқи ин гузориш, дар 48 соати гузашта 168 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 54 нафар кушта ва 118 нафар захмӣ шудаанд.
Солиёна ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.
Барчасп