Ҳимояти Эрон аз хурӯҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон
(last modified Sun, 20 Oct 2019 14:20:51 GMT )
Октябр 20, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз хурӯҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон

Мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки Теҳрон аз хурӯҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҳимоят мекунад, эълом кард: Хурӯҷи амрикоиҳо аз Афғонистон танҳо роҳи ҳалли эҷоди сулҳ дар ин кишвар аст.

Ба нақл аз ИРНА, Сайид Расули Мӯсавӣ, мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳаштумин нишасти "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар музокирае, ки ба нафъи давлат ва мардуми Афғонистон бошад, ба сурати ҷиддӣ ҳимоят хоҳад кард.

Мӯсавӣ дар робита бо нақши Ҷумҳурии исломии Эрон перомуни сулҳу субот дар Афғонистон гуфт: Сулҳ бидуни адолат дар Афғонистон бемаънӣ аст ва ҳаргиз  босубот ва пойдор нахоҳад буд.

Мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки иқдомоти ахири Амрико барои сулҳи пойдор дар Афғонистон муфид нахоҳад буд, тасреҳ кард: Машрӯият мутааллиқ ба миллати Афғонистон аст ва сулҳи пойдор барои мардуми ин кишвар бо машрӯияти миллӣ ҳосил мешавад.

Мӯсавӣ дар идома хостори ҳифзи Қонуни асосии Афғонистон шуд ва таъкид кард: Ин қонун ҳеҷ ҷойгузине нахоҳад дошт.