Октябр 21, 2019 12:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Эрдуғон ба идомаи ҳамлаҳо ба Сурия

Раиси ҷумҳурии Туркия таҳдид кард дар сурате,ки гурӯҳҳои курди мусалаҳи мухолифи ин кишвар аз минтақаи амн дар шимоли сурия хириҷ нашаванд ҳамла ба ин кишвар идома хоҳад дошт.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории РЕЙТЕРЗ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ишора ба ин,ки Анқара интизор додад Амрико ба ваъдаҳои худ дар бораи тавофуқи оташ бас амал кунад гуфт; ба ҳайатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ эълом кардааст агар гурӯҳҳои курди мусалаҳи мухолифи Туркия таи муҳлати 120 соатаи оташ бас, аз минтақа хориҷ нашаванд, ҳамла ба Сурияро бо шиддати бештар идома хоҳанд дод.

Туркия панҷшанбеи гузашта таҳти фишорҳои байналмиллалӣ бо барқарории оташ баси панҷрӯза барои хуруҷи гурӯҳҳои курди мухолифи давлати ин кишвар аз минтақаҳои Алриқаҳ ва Алҳасакаҳ дар шимол шарқи Сурия мувофиқат кард.

Таҷовузи низомии артиши Туркия ба шимоли Сурия мавсум ба амалиёти Чашмаи сулҳ рӯзи чоршанбе 9 октиябр ба баҳонаи муқобила бо терорризм ва поксозии марзи Сурия ва Туркия аз ҳузури шибҳи низомиёни курд,ки Анқара онҳоро тероррист мехонад, оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Ин амалиёт бо маҳкумияти мардум ва давлати Сурия ва ҳамчунин ҷомиъаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Барчасп