Октябр 21, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Тунис бо худрави эронӣ ба сари кор меравад

Раиси ҷумҳурии нави тунис бо худрави эронии худ,ки гуё собиқаи тасодуф ҳам дорад озими Кохи раёсати ҷумҳурӣ мешавад.

Ба нақл аз Спутник, шоҳидон дидаан,ки Қайс Саид бо худрави шахсии худ,ки ПЕЖУИ эронии 206 сандуқдори (SD ) аст, озими Кохи раёсати ҷумҳурии худ мешавад.

Қайс Саид ҳуқуқдони тунисии маъруф ба кондидои ҷавонон бо ҳимоят ва таблиғоти қишри ҷавон дар давраи дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар тавонист бо 75 дар сад оро пирӯз шавад.

Вай барои таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маблағи зиёде ҳазина накард ва дар муддатзамони дар назар гирифта шуда барои таблиғот ҳам талоши бисёре аз худ нишон надод.

Раиси ҷумҳурии нави Тунис ҳамакнун дар як воҳиди опортмони сода дар хиёбони Ибни Халдун дар маркази пойтахти ин кишвар иҷора нишин аст ва ҳамин амр ба гуфтаи таҳлилгарон ба вай як чеҳраи мардумӣ бахшида ва дар пирӯзии чашмгир вай нақши босазое ийфо кардааст.

Қайс Саид аз соли 1997 муовини раиси ҷамъияти ҳуқуқи қонуни асосӣ дар Тунис ва узви ҳайати илмӣ ва Шӯрои идории академии байналмиллалии қонуни асоси буд.

Ӯ ҳамчунин раиси маркази қонуни асосӣ барои демократӣ дар Тунис ҳам будааст.

Барчасп