Тоҷгузории расмии императори ҷадиди Ҷопон (видео)
Наруҳито, саду бисту шашумин императори Ҷопон, ки дар пайи канорагирии падараш Акиҳито ба императорӣ расид, имрӯз ба таври расмӣ тоҷгузорӣ шуд.
Соати яки баъд аз зуҳри имрӯз императори ҷадиди Ҷопон бо либоси расмии салтанатӣ ва ҳамроҳ бо кормандони аршади дарбор, ки ганҷинаҳои муқаддаси императориро ҳамл мекарданд, вориди толор шуд ва рӯйи тахти императорие, ки иртифоаш тақрибан 6.5 метр аст ва дар маркази толор қарор дорад, қадам гузошт. Императори ҷадиди Ҷопон дар ин маросим гуфт: “Ман ҳамеша барои саодати мардум ва сулҳи ҷаҳон дуо мекунам ва қавл медиҳам, ба унвони намоди Ҷопон, мутобиқ бо Қонуни Асосӣ, дар канори мардум бошам ва ба онҳо хидмат кунам”.

Маросими тоҷгузории император бо паёми табрики Абэ Шинзо, нахуствазири Ҷопон ва шиллики тӯп дар қасри императорӣ хотима ёфт. Дар ин маросим ҳудуди 2 ҳазор нафар аз намояндагони 186 кишвари ҷаҳон ва мақомоти олии Ҷопон ҳузур доштанд. Ин маросим, ки ба таври маъмул дар муҳавватаи қасри императорӣ баргузор мешуд, имрӯз ба иллати бориши шадиди борон дар дохили қаср баргузор шуд.
Наруҳитои 59-сола, ки донишомӯхтаи Донишгоҳи Оксфорд аст, дар моҳи майи гузашта, ба дунболи канорагирии Акиҳито саду бисту шашумин императори Ҷопон шуд.