Октябр 23, 2019 15:53 Asia/Dushanbe
  • Фиристодаи вижаи Чин ба Теҳрон сафар кард

Чин аҳамияти зиёде барои сулҳу субот дар минтақа қоил аст ва тамоюл дорад дар ин замина ба машвараштҳои худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон идома диҳад.

Ҷаӣ Ҷун (Zhai Jun ) фиристодаи вижаи Чин дар умури Ховари Миёна, ки ба манзури ройзанӣ дар мавриди таҳаввулоти минтақа ба Теҳрон сафар кардааст, баъд аз зуҳри сешанбе дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бар ин мавзӯъ таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин дидор бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон равобит бо Чинро роҳбурдӣ медонад, бо ишора ба тарҳи Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурӣ бо унвони "Пуйиши сулҳи Ҳурмуз" аз ифои нақши муассири Чин дар ҷиҳати кумак ба сулҳу суботи минтақа истиқбол кард.

Амният дар Халиҷи Форс аз ду ҷанба мавриди таваҷҷуҳи Чин қарор дорад, чанбаи нахуст; истимрори муносиботи тиҷории иқтисодӣ ва таъмини амнияти интиқоли нафту амнияти киштиронӣ аст. Ҷанбаи дуввуми аҳамияти ҳифзи субот ва амният дар Халиҷи Форс; дур нигаҳдоштани минтақа аз табдил шудан ба майдони рақобатҳои низомӣ аст.

Амрико дар солҳои ахир бо руйкардҳои якҷониба ва бетаваҷҷуҳӣ ба тааҳудот ва тавофуқоти байналмиллалӣ ва зери по гузоштани мувофиқатномаҳои чандҷониба, бисёре аз кишварҳои дигар аз ҷумла Чин, Русия, ҳамчунин бархе аз муттаҳидони худро ҳадаф қарор додааст.

Чин аммо ба унвони як узви доими Шурои амният мусаммам аст нақши боздорандае дар муқобили ин равандҳо дар саҳнаи байналмиллалӣ ифо кунад. Аз ин манзар ройзаниҳои Чин дар баробари таҳавулоти минтақа амре бадиҳӣ аст. Чин дар ин росто бар ҳифзи субот ва амнияти пойдор дар ҳавзаҳо ва минтақаҳои стратегии дарёӣ таъкид дорад ва барои нақши Эрон ба унвони кишвари бузурги минтақа дар ҳифзи субот ва амнияти Халиҷи Форс ва дарёи Уммон аз қудрати боздорандагии лозим дар муқобили таҳдидҳо бархурдор аст. Бо ин ҳол сиёсати роҳбурдии Эрон барои ҳифзи амният мубтанӣ бар ҳамгароии минтақаӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои мустақил аст.

Камоли Харрозӣ раиси Шурои роҳбурдии равобити хориҷӣ мегуяд: Эрон ва Чин ба унвони ду кишвари муҳим ва таъсиргузор дар низоми байналмиллал, манофеъ ва ҳадафҳои муштараке барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф доранд ва ончи равобити Теҳрон ва Пекинро то кунун дар вазъияте пойдор ҳифз карда, ҳамкории мустамар ва равобите мубтанӣ бар мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ аст.

Эрон аз назари манобеи гозӣ ва нафтӣ дар рутбаи болои ҷаҳонӣ қарор дорад. Мавқеиати ҷуғрофиёӣ ва геополотикии Эрон низ ба наҳве аст, ки бо 15 кишвари ҳамсоя аст ва ҳалқаи иттисоли ин кишварҳо боякдигар аст. Эрон ҳамчунин дар прожаи бузурги тиҷорати ҷаҳонии Чин; "Як камарбанд-як ҷодда" метавонад нақши асосӣ дошта бошад. Лизо табиӣ аст, ки муносиботи Эрон ва Чин дар сатҳи роҳбурдӣ, дунбол шавад. Ин сатҳ аз равобит ба лиҳози сиёсӣ ва ҳифзи амнияти пойдор дар минтақа аҳамияти вижае дорад. Мақомҳои Чин борҳо дар мавзеъҳои худ тасреҳ кардаанд, ки аз ҳар иқдоме, ки ба коҳиши таниш ва афзоиши субот ва амният дар минтақа мунҷар шавад ҳимоят мекунанд.

Ши Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин дар дидори Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси ахири сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон таъкид кард, Пекин моил ба густариши равобити роҳбурдии мушорикатии пойдор бо Эрон аст.

Раиси ҷумҳури Чин тасреҳ кард, ба рағми ҳар фарозу нишебе Пекин ҳамвора равобити худ бо Теҳронро аз манзари роҳбурдии мавриди таваҷҷуҳ қарор дода ва моил ба ҳамкорӣ бо Эрон барои тавсеаи муносибот аст.

Акнун музокирот ва ройзаниҳои Ҷай Ҷун дар Теҳронро низ мебоист дар ҳамин чорчуб ва дар ростои ҳифзи субот дар минтақа ва мухолифат бо якҷонибагароӣ ва таҳарукоте, ки мунҷар ба таниш дар минтақа мешавад арзёбӣ кард.