Октябр 24, 2019 13:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳавулот дар Ироқ дар масири печидатар шудан

Дар паи сафари вазири дифоъи Амрико ба Ироқ ва пофишории муътаризон бар баргузории тазоҳурот дар рӯз 25 октиябр, таҳавулоти Ироқ ба самти печидатар шудан ҳаракат мекунад.

Нигоҳе ба таҳавулоти Ироқ нишон медиҳад, ки ин кишвар ҳамчунон дар масири бесуботӣ ҳаракат мекунад.

 Аввалин парда аз таҳавулоти Ироқ , интишори гузориши нооромиҳои ахир аст,ки аз суи Кумитаи таҳқиқот омода шуд.

Дар ин гузориш омадааст,ки дар ҷараёни тазоҳурот 107 ғайринизомӣ кушта ва се ҳазору 485 нафар захмӣ шуданд, ҳеҷ дастури расмие аз масулони олирутба барои тирандозӣ ба муътаризон содир нашуд, иллати талафот дар миёни ғайринизомиён , истифодаи муфрат аз зур ва силоҳ ва заъфи фармондеҳии бархе масулони майдонӣ буд.

Ҳамчунин дар ин гузориш зимни иддаъо ба заъфи бархе ниҳодҳои амниятӣ ,омадааст ,ки нерӯҳои бархе ниҳодҳои ҳукуматӣ , ба самти бархе аз қонуншиканон тирандозӣ карданд , масулоне ,ки нерӯҳои амниятиро ба истифода аз хушунат алайҳи тазоҳуроткунандагон таҳрик карда буданд, ба дастгоҳи қазоӣ муарифӣ шуданд ва 10 фармондеҳи баландпояи амалиётӣ ва иттилоотӣ низ барканор шуданд.

Пардаи дуввум , вокуниши иттилофи Наср ба раҳбарии Ҳайдар Алибодӣ , нахуствазири пешини Ироқ ба гузориши Кумитаи таҳқиқот аст.

Иттилофи Наср баъд аз интишори натиҷаҳои ин таҳқиқот , аз он интиқод кард ва онро нокофӣ донист. Ба назар мерасад ин вокуниш беш аз он ,ки ҳимоят аз муътаризон бошад ,тасвияҳисоби сиёсӣ бо давлати Абдулмаҳдӣ ва таҳрик барои тадовуми эътирозҳои зиддӣ давлатӣ аст.

 Ин вокуниш дар ҳоле аст ,ки тазоҳуроти зиддӣ давлатӣ бо мутолибагарии иқтисодӣ ва итҷтимоии се соли мутаволӣ дар замони давлати Ҳайдар Алибодӣ баргузор шуд , аммо аз мушкилоти мардуми Ироқ коста нашуд.

Пардаи севвум , пофишории Кумитаи ҳамоҳангии тазоҳурот бар баргузории тазоҳуроти зиддӣ давлатӣ дар рӯзи ҷумъа 25 октиябр аст. Дар ҳамин ҳол ,Муқтадӣ Садр , раҳбари Ҷараёни Садр низ аз ҳаводорони худ хост дар тазоҳуроти рӯзи 25 октиябр ширкат кунанд.

 Фарохони Муқтадӣ Садр бо эътирози Кумитаи ҳамоҳангии тазоҳурот рӯ ба рӯ шуда ва ин Кумита дар эътироз ба фарохони Муқтадӣ Садр эълом кард Садр худ бахше аз ин Ҳукумат аст ва ниёзе ба ҳузурашон дар хиёбонҳо надорад балки бо ихтиёроти қонуни худ дар Парлумон метавонад ба Ҳукумат фишор оварда ва дархости тазоҳуроткунандагонро амалиётӣ кунанд.

Ин таҳарукот низ нишон медиҳад ,ки тазоҳурот дар  Ироқ аз суи шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои расонаӣ идора ва ҳидоят мешавад ва бархе ҷараёнҳо назири Ҷараёни Садр дар доми ин шабакаҳо гирифтор шудаанд.

Дар ҳамин росто , Шабакаи амрикоии Алҳурра иддаъо кардааст , ки Алҳашд Алшаъбо ва фармондеҳи бахши амниятии он дар ҳадаф қарор додани муътаризони ироқӣ муқасир будаанд.

Дар вокуниш ба ин иддао , муҳандис  Наср Шимарӣ , сухангуи ҷунбиши Ал- Нуҷабо гуфт ; Шабакаи амрикоии Алҳурра дар ҳамла ба аркони миллати Ироқ ,ки охирин намунаи он талош барои иттиҳомзанӣ ба Алҳашд Алшаъбо ва фармондеҳи бахши амнияти он аст , нақши фитнагар ва вайронкорро ийфо мекунад.

Пардаи чорум , сафари Марк Эспер , вазири дифои Амрико ба Бағдод ва дидори вай бо нахуствазир ва вазири дифои Ироқ аст. Ҳадафи ин сафар эълом нашуд , аммо пас аз ин сафар , сафоратхонаи Амрико дар Бағдод ба ҳолати омодабош даромадааст. Давлати Амрико аз истиқлоли давлати Ироқ дар сиёсати хориҷӣ норозӣ аст.

 Пардаи панҷум , мизбонии рӯзи гузаштаи  Барҳам Солиҳ раиси ҷумҳурии Ироқ аз нахуствазири , раиси Парлумон ва раиси дастгоҳи қазо ва таъкиди онҳо бар  пайгирии мутолиботи мардумӣ ва ҳифозат аз ҷони мардум дар ҷараёни тазоҳуроти хиёбонӣ аст.

Одил Абдулмаҳдӣ низ эълом кард , ки мутолиботи мардумро мешунавад.

Нуқтаи поёнӣ ин ,ки дар ҳоле ,ки раисони қувои сегона бар ислоҳоти иқтисодӣ ва пайгирии мутолиботи мардумӣ таъкид доранд , пофишори бар идомаи эътирозҳо на танҳо таъминкунандаи манофеъи мардум нест балки авзоъро дар ин кишвар печидатар хоҳад кард.

Барчасп