Иҷозаи ҳузур дар мусобиқаҳо бо риш ба боксиёри мусалмони амрикоӣ
Боксиёри мусалмон билохира метавонад бо риш варзиш кунад.
Ба нақл аз Ҳавза , Башир Абдур боксиёри 19 солаи мусалмон дар Мишигон , бо пофишорӣ ва талош мувафақ шуд идораи боксро мутақоид кунад то ба вай иҷоза диҳанд бо риш дар мусобиқаҳо ширкат кунад.
Башир Абдур, ҳангоме,ки дар 19 солагӣ тамриноташро ба унвони як боксиёр дар бошгоҳи варзишии Супербод дар Дитервит оғоз кард маҷбур буд ба ҷои бокс барои ҳифзи имонаш биҷангад.
Башир дар мусоҳиба бохабарнигорон гуфт ; ман муборизаи худро барои ҳифзи риши худ бо идораи бокси Иёллоти Муттаҳида дар моҳи апрели гузашта оғоз кардам. Ҳамаи чиз замони тамринотам барои ширкат дар мусобиқаҳои Дасткашҳои тиллоии Дитервит оғоз шуд. Бокси Иёллоти Муттаҳида иддао кард ,ки онҳо наметавонанд дархости манро бипазиранд зеро мусобиқаҳо мутарақӣ аст.
Вай Иёллоти Муттаҳидаро табъизгар хонд ва гуфт ; манро маҳрум мекарданд зеро риш доштам , дар ҳоле ,ки ба ақидаи ман , гузоштани риш суннати Паёмбар (с) будааст.
Башир дар идома гуфт ; вақте маҳрумам карданд рӯёҳоям аз даст рафта ва асабонӣ будам зеро ҳақиқатан дилам мехост дар мусобиқаҳо ширкат кунам. Ба ҳамин далел ба идораи Шӯрои робитаҳои исломии амрикоии , шуъбаи Мишигон муроҷиа кардам ва аз онҳо шикоят кардам.
Башир афзуд ; ман форме пур кардам то битавонам бо риш мубориза кунам. Онҳо чанд рӯз дархости манро рад карданд.
Талошҳои ин боксиёри амрикоӣ ба натиҷа расид ва билахира аввалҳои соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои Дасткашҳои тиллоӣ эълом карданд , ки боксиёрҳои мусалмон низ иҷоза доранд ширкат кунанд.