6 кушта дар даргириҳои марзии Покистон ва Афғонистон
Октябр 30, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
Дар паи табодули оташ дар марзи Покистон ва Афғонистон байни нерӯҳои амниятии ҳар ду тараф шаш сарбоз кушта ва 5 ғайринизомӣ захмӣ шуданд.
Ба нақл аз ИРНО, артиши Покистон шомгоҳи сешанбе дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои амниятии Афғонитсон бо мусаллалҳои сангин аз минтақаи Норӣ дар вилояти Кунар теъдоде ғайринизомии рустонишинро ҳадаф қарор доданд.
Дар паи ин тирпаронӣ, нерӯҳои марзии Покистон иқдом ба ҳамалоти мутақобил карданд, ки ба гуфтаи артиши ин кишвар хасорати қобили таваҷҷуҳе ба пустҳои марзии Афғонистон ворид ва табодули оташ пас аз даргирӣ дар сатҳи низомӣ мутаваққиф шуд.
Дар эътироз ба ин ҳамалот Вазорати умури хориҷаи Покистон кордори Афғонистонро фарохонд.
Барчасп