Октябр 30, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Лавров: ҳузури Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст

Вазири умури хориҷаи Русия, ҳузури Амрико ва дигар аъзои эътилоф ба саркардагии ин кишварро дар Сурия ғайриқонунӣ донист.

Ба нақл аз хабаргузории Тос, Сергей Лавров рӯзи сешанбе баъд аз нишасти вазирони умури хориҷаи Русия, Эрон ва Туркия ҳамзамон бо Нишасти Кумитаи Қонуни асосии Сурия дар Женева гуфт, ҳузури Амрико ва дигар аъзои эътилофи таҳти фармони  ин кишвар дар Сурия ғайриқонунӣ аст ва иқдомоти онҳо дар тақобул бо қавонини байналмиллалӣ аст.

Лавров афзуд, муҳофизат аз чоҳҳои нафтии Сурия дар баробари гуруҳи террористии ДИИШ тавҷиҳе барои истиқрори Амрико дар Сурия аст.

Лавров дар ҳамин ҳол таъкид кард, ҳузури низомии Русия ва Эрон дар Сурия бо даъват ва иҷозаи расмии Димишқ аст.

Артиши Сурия бо кумакҳои мусташории Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳимояти низомии Русия тавонист парвандаи гуруҳи террористии ДИИШро дар Сурия бибандад.

Мақомоти Сурия ҳамвора таъкид кардаанд ҳузури низомии Амрико дар он кишвар бидуни иҷозатномаи Димишқ аст ва ишғолгарӣ бо ҳадафи чаповули манобеи Сурия ба ҳисоб меояд.

Барчасп