Октябр 31, 2019 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ ; истиқлол ва бетарафии Ожонс дар давраи раёсати нав ҳифз шавад

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена бар бетарафӣ ва истиқлоли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар давраи раёсати нав таъкид кард.

Ба гузориши радиои  бурунмарзии Садо ва симо , Козим Ғарибободӣ , чоршанбе шаб дар вокуниш ба интихоби  Рафаел Груссӣ ба унвони мудири кулли нави Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо баёни ин ,ки ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар ҳирфаигарӣ , истиқлол ва бетарафии Ожонс таъкид кардааст хотирнишон кард Теҳрон интизор дорад ин руйкард дар ҳар шароите тавассути Ожонс ва мақомоти он ҳифз гардад ва кишварҳои узв низ аз эъмоли фишор ба Ожонс ҷудо худдорӣ кунанд.

 Ғарибободӣ аз мудири кули нави Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ хост ҳамонанди селфи худ , нақши муҳими Ожонс дар ҳифзи тавофуқи ҳастаиро ба дурустӣ ийфо кунад.

 Рафаел Груссӣ рӯзи сешанбе бо раи Шӯрои ҳукоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба унвони мудири куллӣ нави ин Ожонс интихоб шуд.

Груссӣ ҷонишини Ювкиё Оману мудири кулли пешини ин Созмон шудааст.

Ювкиё Оману 22 июн дар синни 72 солагӣ даргузашт.

Барчасп