Ноябр 01, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Лагард расман раиси Бонки марказии Аврупо шуд

Раиси ҷадиди Бонки марказии Аврупо ба сурати расмӣ муаррифӣ ва уҳдадори идораи ин ниҳоди молӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Бонки марказии Аврупо дар баёнияе эълом кард, Кристин Лагарди фаронсавӣ аз имрӯз, ҷумъа, ба сурати расмӣ раёсати Бонки марказии Аврупоро дар ихтиёр гирифт.

Шӯрои Аврупо Лагардро 18 октябри соли 2019 барои як давраи ҳаштсола ба раёсати Бонки марказии Аврупо интихоб карда буд.

Кристин Лагард аз соли 2007 то 2011 вазири иқтисоди Фаронса ва аз соли 2011 то 2019 раиси Сандуқи Байналмилалии Пул буд.

Раис ҷадиди Бонки марказии Аврупо рӯзи чаҳоршанбе аз Олмон ва кишварҳои дигаре, ки буҷаи изофӣ доранд, интиқод кард, ки барои таҳкими рушди иқтисодии шиканандаи Аврупо талоши кофӣ накардаанд.

Бонки марказии Аврупо аз соли 1998 бо ҳадафи ҳифзи таодули қиматҳо ва контроли таваррум дар қораи сабз ва минтақаи пули евро таъсис шудааст.