Афзоиши қурбониёни Флашбол дар Фаронса
Натоиҷи таҳқиқоти анҷомшуда дар Фаронса нишон медиҳад шумори ашхосе, ки аз ноҳияи чашм бар асари асобати тирҳои Флашбол-и полиси ин кишвар масдум шудаанд афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, аз оғози Ҷунбиши зидди сармоядорӣ то кунун 42 нафар бар асари исобати тири пластикии аслиҳаи Флашбол аз ноҳияи чашм масдум шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар як сол ибтидои оғози эътирозоти Ҷунбиши зидди сармоядорӣ омори масдумони чашмӣ танҳо 2 маврид гузориш шуда буд.
Фаронса аз 17 ноябри 2018 шоҳиди эътирозоти мардумӣ алайҳи сиёсатҳои давлати ин кишвар аст. Дар ҷараёни эътирозоти Фаронса то кунун беш аз 11 нафар кушта ва ҳудуди 14 ҳазор нафар захмӣ ё боздошт шудаанд.
Эътирозҳо дар ибтидо дар вокуниш ба сиёсатҳои иқтисодии Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса ба вижа дар ҳавзаи сӯзишворӣ ва андоз оғоз шуд, аммо ба суръат ҷанбае сиёсӣ ёфт. Муътаризони фаронсавӣ, ки худро Ҷилиқазардҳо номидаанд, сиёсатҳои Макронро сабаби ташдиди фишорҳо бар шаҳрвандони фаронсавӣ дониста ва хостори барканории вай ҳастанд.
Бар асоси назарсанҷии ахире, ки тавассути муассисаи Одокса барои радиои Фаронса ва рӯзномаи Лофигаро анҷом шуда се аз даҳ чаҳор дарсади мардуми Фаронса аз амалкарди Макрон розӣ нестанд.