Ноябр 04, 2019 15:02 Asia/Dushanbe
  • Чароғи сабзи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба Чин дар таҳримҳои колоҳои амрикоӣ

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар паи як даавии тӯлонимуддат миёни Чин ва Амрико барои таҳрими миллиардҳо доллар аз колоҳо ва тавлидоти Амрико, ба Чин ҷароғи сабз нишон додааст.

Рӯзи шанбе шабакаи телевизионии давлатии Чин эълом кард, пас аз як давраи тӯлонӣ Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ эълом кард Чин метавонад то мизони 3 миллиарду 600 миллион доллар аз колоҳои амрикоиро таҳрим ва машмули таърафа кунад.

Чин дар шикоятномаи худ дар соли 2013 хостори иҷрои таърафаи 7 миллиард долларӣ бар руи колоҳои амрикоӣ шуда буд, ки дар воқеъ Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ тақрибан бо ниме аз ин маблағ мувофиқат кардааст.

Аз манзари нозирони сиёсӣ ҷароғи сабзи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ як пирӯзӣ барои Пекин ба ҳисоб меояд, ки ҳамакнун даргири як мунозираи бузурги тиҷорӣ бо Амрико аст.

Амрико ва Чин токунун, бар руи ҳудуди 600 миллиард доллар аз  колоҳои воридотӣ аз якдигар таърафа вазъ кардаанд. Ба баёни дигар аз моҳи июл ба ин тараф Амрико 360 миллиард доллар аз колоҳои Чинро машмули таърафа карда ва Чин низ бар руи 150 миллиард доллар аз колоҳои воридотии Амрико таърафа вазъ кардааст.

Чароғи сабзи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба Чин  дар шароитест, ки расонаҳои чинӣ ахиран аз иҷмои Пекин ва Вашингтон бар сари тавофуқи тиҷорӣ баъд аз гуфтугӯи телефонии мақомоти ду кишвар хабар доданд. Аз оғози музокироти тиҷории Чин ва Амрико аз феврали соли 2018 ба ин сӯ, ду кишвар дар 13 нишасти дуҷониба дар бораи аксари масоили мавриди ихтилоф ба тавофуқ расиданд, аммо музокирот борҳо ба хотири аҳдшикании Амрико дучори фарозу нишеб шуд.

Бо дарки ҳамин руйкарди коршиканонаи Амрико ҳам аст, ки мудири Маркази мутолиоти сиёсати тиҷории андешкадаи Като дар гуфтугӯ бо шабакаи СНБС-и Амрико таъкид карда, ки давлати Амрико ҳамчунон руйкарди хасмонаи худ дар баробари Пекинро идома хоҳад дод:

Доналд Трамп ба эҳтимоли зиёд 200 миллиард доллари колои чиниро марҳила ба марҳила машмули таърафа мекунад ва ин амр муҷиби ташдиди танишҳои тиҷорӣ байни Вашингтон ва Пекин хоҳад шуд. Ҷаҳон дар интизори замон ва чигунагии иҷроии тасмими Трамп дар заминаи иҷроии таърафа бар рӯйхате аз колоҳои чинӣ ба арзиши 200 миллиард доллар аст ва ба эҳтимоли зиёд ин корро марҳила ба марҳила анҷом хоҳад дод.

Ин дидгоҳ мудири Маркази мутолиоти сиёсати тиҷории андешкадаи Като дар ҳолест, ки хабаргузории Бломберг низ ҳафтаи гузашта бо истинод ба изҳороти мақомоти огоҳ эълом карда буд, ки Амрико ин ҳафта 200 миллиард доллари колои чиниро машмули таърафа мекунад.

Ироаи чунин дидгоҳе дар ҳолест, ки бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Чин тадбирҳои муқобилаҷӯёнаи фаровоне барои рӯёрӯӣ бо Амрико дар ҷанги тиҷорӣ дар дастури кори худ қарор додааст.

Ба иборати дигар Пекин ба талофии ин иқдоми Амрико худро барои вазъи таърафа бар 60 миллиард доллар аз колоҳои амрикоӣ омода мекунад.

Дар маҷмъ ба бовари коршиносони сиёсӣ, иттихози руйкарди талофиҷӯёнаи Пекин дар баробари иқдомоти Вашингтон аз як тараф ба маънои ин аст, ки Пекин барои ҳаросат аз муассисот ва ширкатҳои худ аз ҳеҷ иқдоми зарурӣ ва муқобилаҷӯёна алайҳи Амрико дареғ нахоҳад кард ва аз сӯи дигар чароғи сабзи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба Чин барои таҳрими колоҳо ва тавлидоти Амрико як пирӯзӣ барои Пекин дар ҷанги тиҷории 16 моҳа бо Амрико ба ҳисоб меояд, он ҳам дар шароите, ки тибқи гузориши Вазорати хазонадории Амрико қарзи миллии давлати федерали ин кишвар ба беш аз 23 триллион доллар расида, ки дар таърихи Иёлоти Муттаҳида бесобиқааст ва аз манзари Вазорати хазонадории Амрико ин афзоиши касрии будҷети Амрико маҳсули сиёсатҳои молии давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аст.