Ноябр 04, 2019 15:11 Asia/Dushanbe
  • Чин ҳазор қарордод бо кишварҳои узви Шанхай имзо мекунад

Чин эълом кард беш аз ҳазор қарордоди амалиётиро бо кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай имзо мекунад.

Ба нақл аз ИРНО, ин қарордодҳо бо унвони тавофуқномаҳои амалиётии озод дар се соли оянда бо кишварҳое, ки узви расмӣ ва ё нозири ин созмон ҳастанд ба имзо хоҳад расид.

Сарвазири Чин Ли Кэ Чианг дар Иҷлоси сарони давлатҳои ин созмон, ки дар Тошканди Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст таъкид кард, бо ҳамкории ҳамаи аъзои расмӣ ва нозири ин созмон як маркази интиқоли технологӣ эҷод ва ин барнома аз соли 2020 иҷро хоҳад шуд.

Баргузории ҳамоишҳои муртабит бо саноати дастӣ, рақобатҳои ҳирфаӣ, ҳамоиши пизишкӣ ва доруҳои суннатӣ, Иҷлоси мубориза бо фақр ва решакании он аз дигар барномаҳои Чин ва ин созмон дар се соли оянда хоҳад буд.  

Барчасп