Ноябр 04, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Тарҷумаи Қуръон ба ду забони ҳусоӣ ва урду дар Миср

​​​​​​​Тарҷумаи Қуръон ба ду забони урду ва ҳусоӣ (Hausa), ба зуддӣ аз сӯи Кумитаи тарҷумаи Шӯрои олии умури исломии Миср мунташир ва тавзеъ хоҳад шуд.

Кумитаи тарҷумаи Шӯрои олии умури исломии Миср эълом кард, ки ин ду тарҷумаи ҷадид, ба зуддӣ ба поён мерасад ва омодаи арза хоҳад буд.

Ба гузориши ИКНО, дар ҳамин росто, Вазорати авқофи Миср бо судури баёнияе аз талошҳое, ки дар хориҷи ин кишвар барои тарвиҷи исломи ростин ва хидмат ба китоби Худо анҷом мешавад, истиқбол кард.

Хабари дигар ин ки Вазорати авқофи Миср аз баргузории 31-умин давраи Конфронси байналмилалии «ҷанги расонаӣ ва таҳрифи огоҳӣ» ва омодагии Шӯрои олии умури исломии Миср барои ин конфронс хабар дод.

Кумитаи доварӣ ва арзёбии ин шӯро аз яке аз мақолоти ширкаткунанда дар ин конфронс бо унвони «пажӯҳиши корбурдӣ ва решаӣ дар бораи ҷанги расонаӣ ва таҳрифи огоҳӣ» , ки аз сӯи Умар Ҳамруш, дабири Комиссияи динии парлумони Миср ироа шудааст, истиқбол кард.

Ёдовар мешавад, нахустин тарҷумаи Қуръон ба забони ҳавасоиро шайх Абубакр Маҳмуд Ҷумӣ, қози-ул қузоти шимоли Нигерия, бо ҳамкории гурӯҳе аз уламо, аз соли 1350 то 1358 ҳиҷрии шамсӣ ба анҷом расонд. Вай тарҷумаи Қуръонро аз ҷузъи сиюм оғоз кард.

Дар ин тарҷума, оёти Қуръон дар як тараф ва тарҷума дар тарафи дигар қарор дода шуда ва дар ибтидои ҳар сура хулосае аз омӯзаҳои он сура баён шудааст. Матни комили ин тарҷума, дар соли 1979 милодӣ (1358 шамсӣ) дар Бейрут, чоп ва дар Kano (Кано)-аз шаҳрҳои Нигерия, мунташир шуд.