Масҷиди Бентонвилли Амрико мизбони ғайри мусалмонон
Масҷиди шаҳри Бентонвилл дар иёлати Арканзаси Амрико, дар маросиме бо унвони «бо ҳамсояи мусулмони худ мулоқот кун», мизбони афроди ғайри мусулмон барои ошноӣ бо омӯзаҳои исломӣ буд.
Jocelyn Lampkin, яке аз 80 ширкаткунандаи ғайри мусулмон дар ин маросим дар мавриди аъзои масҷид гуфт: “онҳо дорои зеҳнияти боз ва дӯстдоштанӣ ҳастанд ва ман ба ҳамаи афрод тавсия мекунам, ки чунин зеҳнияте дошта бошанд”.
Ба гузориши ИКНА, касоне, ки дар маросими «бо ҳамсояи мусулмони худат мулоқот кун», ширкат карда буданд, дар мавриди фарҳанг ва одоби мусулмонон, эътиқодот, намоз ва пӯшиши ҳиҷоб иттилооте дарёфт карданд ва фурсатеро барои тақвияти равобити иҷтимоии байни динӣ ёфтанд.
Резвон Хон, яке аз аъзои ҳайати уманои ин масҷид гуфт: “ҳадаф аз баргузории ин маросим, пайдо кардани заминаҳои муштарак байни пайравони адёни мухталиф аст”.
Вай афзуд, дар ин маросим афроди зиёде ширкат карданд, ки фаротар аз ҳадди интизор буд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки ҳамсоя ва шаҳрванди хубе барои ҷомеаи худ бошем ва беш аз ҳар чиз, эҳтироми худро нисбат ба ҳама нишон диҳем.