Ноябр 04, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни милоди Набии Акрам (с) дар Ноттингҳам

​​​​​​​Мусалмонони бритониёӣ дар Ноттингҳам, милоди Набии Акрам (с)-ро ҷашн гирифтанд.

Садҳо тан аз мусалмонони сартосари Ноттингҳам, дар роҳпаймоии милоди Набии Акрам (с) ширкат карда, оёте аз Қуръонро тиловат карда ва ба раҳгузарон ҳадяҳо ва ширинӣ доданд.

Садҳо нафар ба ин роҳпаймоӣ, ки аз муқобили масҷиди ҷомеи Фотима оғоз шуда буд, мулҳақ шуданд. Ширкаткунандагони оёте аз Қуръонро тиловат карда ва ба раҳгузарон ва обирони пиёда ҳадоё ва ширинӣ доданд.

Ҳарис Ҳаниф аз аъзои масҷиди Фотима ва ширкаткунандагон дар ин пиёдаравии мусолиматомез бо ишора ба ин ки баргузории барномаҳое, монанди ин лозим ва зарурӣ аст, гуфт: “мо мехоҳем паёми ҳақиқии Ислом ва паёми сулҳро ба мардум бирасонем ва ин бедориро дар онон эҷод кунем, ки мусалмонон ҳаммонанди дигар ҳамаи инсонҳо, хостор оромиш ҳастанд”.

Вай хотирнишон кард, умедворем, ки битавонем илҳомбахши ҷомеаи худ ва дигар ҷавомеъ бошем.

Ин роҳпаймоӣ қабл аз соати 12 зӯҳр аз муқобил масҷиди Фотима оғоз шуд ва дар муқобили масҷиди воқеъ дар хиёбони Sant'Angelo ба поён расид.

Муҳаммадалӣ, яке аз аъзои ҳайати умнои ин масҷид низ гуфт, ҳадафи мо ин аст, ки ишқеро, ки мусулмонон ба Паёмбари Акрам (с) доранд ба намоиш бигузорем ва нишон диҳем, ки эшон читавр ба мо ёд дод, ки сулҳро густариш диҳем.

Солрӯзи вилодати ҳазрати Муҳаммад (с), дар рӯзи 17 рабеъ ул-аввал, яке аз идҳои бузурги исломӣ маҳсуб мешавад, ки имсол 15 ноябр мусодиф бо 24 обонмоҳ аст.

 

Барчасп