Ноябр 05, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Путин 10 генералро аз кор барканор кард

Раисҷумҳури Русия фармони барканории 10 нафар аз генералҳои ин кишварро содир кард.

Ба гузориши ОИР “Новости”, дафтари раёсатҷумҳурии Русия дар баёнияе аз барканории 10 нафар аз генералҳои рус ба фармони Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар хабар дод. Ин генералҳо, ки ҷузъи мақомоти аршади Вазорати умури дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва Кумитаи таҳқиқоти Русия будаанд, ба иттиҳоми иртикоби ҷароиме чун ришвахорӣ, фасод ва кулоҳбардорӣ (қаллобӣ) аз симмати худ барканор шудаанд. Бархе аз генералҳое, ки ба тозагӣ барканории онҳо ба сурати расмӣ эълом шудааст, қаблан дар дастгоҳи қазоии Русия муҳокима шудаанд ва ҷароими онҳо исбот шудааст.

Давлати Русия дар солҳои ахир барномаи густардаеро барои муқобила бо фасод иҷро кардааст.

 

Барчасп