Ноябр 06, 2019 21:21 Asia/Dushanbe
  • Пухти ғизои ҳалол дар ҷануби Олмон

Масҷиди Питсбурги Олмон дар назар дорад ғизоҳои кишварҳои мухталифи исломиро то баҳори соли оянда дар ресторан ироа кунад.

Масҷиди шаҳри Питсбург барои бисёре аз сокинони ҷануби Олмон ошност. Масҷиде бо намои шишаӣ ва манораи зебо, ки дар маркази шаҳр худнамоӣ мекунад, вале танҳо зоҳири масҷид онро мунҳасир ба фард накардааст.

Онҳо ба тозагӣ тасмим гирифтаанд, ки барои тарвиҷи ғизои ҳалол ресторанеро дар канори масҷид бино кунанд.

Ин ресторан, ки дар баҳори соли оянда ифтитоҳ хоҳад шуд, ғизоҳои ҳалол ва мутааллиқ ба кишварҳои исломиро ба муштариёни худ ироа медиҳад.