Ноябр 07, 2019 12:51 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати ҷунбиши адами таъаҳуд бо маҳдудиятҳои Амрико барои намояндагии Эрон

Ҷунбиши адами таъаҳуд аз Амрико хост ба сурат маҳдудиятҳои эъмол шуда бар дипламатҳои бархе кишварҳои узви ин ҷунбиш аз ҷумла Эронро бартараф кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Исҳоқ  Оли Ҳабиб сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалли Муттаҳид асри ҷоршанбе дар Кумитаи шашуми маҷмаъи умумии Созмони миллали Муттаҳид, ба намояндагӣ аз  Ҷунбиши адами таъаҳуд дар мавзуи гузориши кумитаи равобит бо кишвари мизбони Созмони Милалл хотирнишон кард, ин ҷунбиш бар нақши ҳаётии кишварҳои мизбони мақар ва дафтарҳоии Созмони Милалл дар ҳифзи чандҷонибагароӣ ва тасҳили дипламатии чандҷониба ва ҳанҷорҳои бани давлатӣ таъкид мекунад.

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалл изҳор дошт, Ҷунбиши адами таъаҳуд нисбат ба маҳдудияти худсаронаи тарадуд ,ки бар дипламатиҳои расмии бархе аз намояндагиҳои узви ин ҷунбиш аз суи кишвари мизбони Созмони Милалли Муттаҳид эъмол шудааст, нигаронии ҷидии худро иброз мекунад.

Оли Ҳабиб афзуд , ин маҳдудиятҳо , нақзи ошкори Канвенсиюни Вена дар робитаҳои дипламатӣ , тавофуқномаҳои мақари Созмони Милалли Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалл аст.

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалл тасриҳ кард, Ҷунбиши адами таъаҳуд дар назар дорад то қатъномаи кутоҳ ва амалиро ба Маҷмаъи умумии Созмони Милалли Муттаҳид ироа диҳад то кишвари мизбонро дар таҳақуқи тавофуқномаи мақари Созмон ва канвенсиюни Вена дар мавриди робитаҳои дипламатӣ масул бидонад.

 Давлати Амрико дар идомаи хусумат алайҳи мардуми Эрон, муқарароти наверо барои вуруди дипламатҳо ва мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба Амрико вазъ ва тарадуди дипламатҳо ва хонаводаҳои онҳоро дар маҳдудаи  байни чор нуқтаи НЮ-ЙОРК тақрибан ба шуъоъи се майл маҳдуд кардааст.