Нонвоӣ шуғли пурдаромаде дар Италия
Нонвоиҳо дар Италия бо чархиши молии беш аз 8 миллиард Евра дар сол , аз ҷумла машоғили пурдаромад дар ин кишвар ҳастанд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо,тамоми нонвоиҳо дар Италия дар канори анвоъи нон ,бархе аз питзоҳои соддаро низ мепазанд. Ба гуфтаи коршиносон боз кардани нонвои дар ин кишвар кори зиёд соддае нест.
Яке аз масулони як нонвоии суннатӣ дар маркази Рум ба хабарнигори хабаргузории Садо ва симо дар Италия гуфт ; боз кардани нонвоӣ дар Италия , ғайри мункин нест вале қадре сахт аст. Барои нонво шудан гузарондани як давраи 2 сола ва баъд низ чанд моҳ коромӯзӣ иҷборӣ аст. Нонвоӣ дар Италия шуғли пурдаромад аст аммо пурҳазина аст. Масалан иҷораи моҳонаи як нонвоии суннатӣ дар маркази таърихии шаҳри Рум баробар бо як сол ҳуқуқи як корманди идорӣ аст.
Дар Италия 25 ҳазор нонвоии суннатӣ вуҷуд дорад ,ки беш аз 84 ҳазор нафар дар онҳо машғул ба кор ҳастанд. Нон бахши муҳиме аз режими ғазоии италияиҳо аст.
Дар Италия беш аз 250 навъи нон вуҷуд дорад,ки дар шаҳрҳо ва устонҳои ин кишвар ба гунаҳои мухталиф пухта мешаванд.