Барпоии намоишгоҳи ҳунарӣ бо мавзӯи масҷид дар Малайзия
(last modified Thu, 07 Nov 2019 15:36:34 GMT )
Ноябр 07, 2019 20:36 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намоишгоҳи ҳунарӣ бо мавзӯи масҷид дар Малайзия

​​​​​​​Намоишгоҳе аз маҷмӯаи осори ҳунарӣ аз ҷумла осори наққошӣ ва аккосии ҳунармандони молойзиёӣ бо мавзӯи масоҷид дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия барпо шудааст.

Дар ин намоишгоҳ 38 ҳунарманди молойзиёӣ 80 асари ҳунарии худро дар бораи ҷанбаҳои мухталифи меъморӣ ва коркарди масоҷид ба намоиш гузоштаанд.

Осори ин ҳунармандон дар сабкҳои мухталифи ранги равған, обранг, зуғолӣ, мидод, ҷавҳар, акс ва дигар сабкҳои ҳунарӣ аст.

Дар ин осор мавзӯоти мухталиф марбут ба масоҷид аз ҷумла меъморӣ, ҳузури хонаводаҳо дар масоҷид ва мафоҳими интизоӣ ба тасвир кашида шудааст. Ҳунармандон дар ин осор кӯшидаанд нишон диҳанд, коркарди масоҷид чизе бештар аз як макони ибодӣ аст.

Мусалмонон дар масоҷиди Ғарб, маросими издивоҷ, ақди қарордодҳои корӣ, маросими ҷаноза ҷаноза ва дигар маросимро анҷом медиҳанд ва ҳамчунин масоҷид аз ҷумла марокизи омӯзиши исломӣ ва аз конунҳои муҳимми фаъолиятҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ ба шумор мераванд.

Ин намоишгоҳ то 10 ноябр (якшанбе 19 обон) дар маркази ҳунарии Сагорис дар Куала-Лумпур барпост.