Ноябр 08, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти ҳифзу қироати Қуръон дар Англия

Марҳалаи муқаддамотии севумин давраи мусобиқоти ҳифзу қироати Қуръони Англия ин ҳафта дар шаҳрҳои Лондон ва Йоркшая баргузор шуд. Ҳофизону қориён рӯзҳои шанбе ва якшанбе, дар марҳалаи муқаддамотӣ дар ду гурӯҳ, занону мардон рақобат карданд.

Ба гузориши ИКНА, барандагони ин марҳала ба марҳалаи ниҳоӣ, ки рӯзҳои 14-15 декабр баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Қироати Қуръон ва ҳифзи 5 ҷузъ, 15 ҷузъ ва 30 ҷузъ чаҳор риштаи ин рақобатҳост. Барандагони мақоми аввал то севум ҳар риштае ҷоизаҳои нақдӣ ба арзиши 100 то 600 фунт дарёфт мекунанд. Ҳамчунин нафари аввали риштаи қироат илова бар ҷоизаи нақдӣ як сафари умра ҷоиза мегирад ва ба унвони намояндаи Англия дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон муаррифӣ мешавад.

Анҷумани ҳофизони Қуръони Бритониё ба сурати солона ин мусобиқотро баргузор мекунад ва фақат атбои Бритониё метавонанд дар он ширкат кунанд.