Ноябр 09, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ тавассути низомиёни Саҳюнистӣ

Даҳо Саҳюнист даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.

Даҳо фаластинӣ дар роҳпаймоиҳои бозгашт дар марзҳои навори Ғазаҳ бо сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳамчунин дар роҳпаймоии зиди шаҳраксозии Саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтарӣ ба зарби гулулаи низомиёни ишғолгар захмӣ шуданд.

Ба нақл аз Форс, Вазорати беҳдошт дар навори Ғаззаҳ эълом кард 69 фаластинӣ ба зарби гулулаи артиши режими Саҳюнистӣ дар ҷараёни роҳпаймоиҳои бозгашт ва рафъи муҳосира дар марзҳои навори Ғаззаҳ захмӣ шуданд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Ғаззаҳ,29 нафар ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бозгашти имрӯз дар минтақаҳои мухталифи шарқи Ғаззаҳ ба зарби гулулаи воқеъӣ захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Маъо и  Фаластин низомиёни режими Саҳюнистӣ ба суи ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бозгашти Ғаззаҳ ,ки муқобили урдугоҳҳои Алъудаҳ дар  Рафаҳ ва Хонюнус иқдом ба оташ задани лостик карда буданд бо гулулаи воқеъӣ ва гази ашковар шилик карданд.

Дар ҳаштодуякумин роҳпаймоии бозгашт бо унвони Ҷумъаи шикасти эъломияи Болфур дар ҷумъаи гузашта ҳам қариб ба сад фаластинӣ захмӣ шуданд,ки ниме аз онҳо ҳадафи гулулаи воқеъии низомиёни режими Саҳюнистӣ қарор гирифта буданд.

Даҳҳо нафар фаластиниҳо ҳам дар тазоҳуроти ҷумъа дар шаҳрак Кафар Қудум дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ҳадафи асобати гулулаи плостикӣ ва гази ашковар қарор гирифта ва захмӣ шуданд.

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Кафар Қудум бар азми худ барои идомаи ин роҳпаймоиҳо ба рағми саркубгарии режими Саҳюнистӣ то расидан ба хостаҳояшон таъкид карданд.

Барчасп