Ноябр 09, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз каридори транзитии Эрон- Афғонистон ва Тоҷикистон

Аввалин маҳмулаи колои транзитӣ таҳти равияи TIR аз гумруки марзии Милк ба Афғонистон ирсол шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, мудири гумруки марзии Милк гуфт ; бо пайгириҳои дафтари транзитиӣ гумруки ҷумҳурии исломии Эрон бинобар тавсиъаи равияи TIR байни кишварҳои минтақа, аввалин маҳмулаи колои транзитӣ шомили лавозими хонагӣ ба кишвари Афғонистон ирсол шуд. Довуд Мирӣ гуфт ; бо ирсоли ин маҳмула каридори байналмиллалии Эрон- Афғонистон ва Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.

Вай афзуд ; мавқеъияти роҳбурдии Эрон, амнияти роҳҳо ва сарфаи иқтисодӣ аз муҳимтарин далелҳои интихоби ин масир барои кишварҳои минтақа алорағми таҳримҳо будааст. Ковенсиюни байналмилаллии TIR  мухафафи ҳамлу нақли байналмилаллии ҷодаие аст,ки 58 кишвар дар он узв ҳастанд ва кишвари Афғонистон ҳам ба тозагӣ вориди ин Канвенсиюн шудааст.