Поёни кори бозсозии қадимитарин масҷиди нимақораи Ҳинд
(last modified Mon, 11 Nov 2019 05:18:53 GMT )
Ноябр 11, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
  • Поёни кори бозсозии қадимитарин масҷиди нимақораи Ҳинд

Бозсозии қадимитарин масҷиди нимақораи Ҳинд ба поён расид.

Мардуми Ҳинд ақида доранд, ки масҷиди Чиромони ҷумъа дар иёлати Крала қадимитарин масҷиди ин кишвар аст. Бисёре аз ғайримусулмонон низ барои ибодат ба ин масҷид меоянд.

Ба нақл аз ИКНО, ба гуфтаи Муҳаммад Саид раиси ҳайати мудираи ин масҷид яке аз ривоятҳои роиҷ дар бораи ин масҷид ин аст, ки охирин подшоҳ аз силсилаи Чиро ба номи Чиромон Прумол тоҷу тахти худро раҳо кард ва ба ислом эмон овард. Вай ба Молик ибни Динор ва дигар бозаргонони араб, ки дар Ҳинд буданд иҷоза дод, ки масоҷидеро дар Крала бисозанд.

И. Исмоил мудири донишкадаи таърих дар колеҷи Сарсаиди донишгоҳи Кинур, иёлати Краларо қадимитарин пойгоҳи ислом дар Ҳинд донистааст. Ба гуфтаи вай сохти ин масҷид дар нимаи аввали қарни ҳафтум анҷом шуд.

Қарор аст ин масҷид бо ҳузури фармондори иёлати Крала ва вазири дороии ин иёлат бозгушоӣ шавад.