Масъаласоз шудани хурондани гушти хук ба кудакони мусулмон дар Англия
Хурондани гушти хук ба кудакони мусулмон дар Англия масъаласоз шуд.
Ба нақл аз Ҳавза, волидайни се кудаки мусулмон дар Йорк Шайри Англия, ки як хонаводаи сарпараст ба фарзандонашон гушти хук хурондаанд ба додгоҳ шикоят карда ва хостори расидагӣ ба вазъияти кудакон шуданд.
Ба се кудаки мусулмони зери 16 сол дар Йорк Шайри Англия, ки ба як хонаводаи сарпараст супорида шуда буданд гушти хук хуронда шуд, ки ин масъала сабаб шуд кори онҳо ба додгоҳ кашида шавад.
Ин се хоҳару бародар ҳамагӣ зери 16 сол аз волидайнашон ба далели нигаронӣ аз хушунати хонагӣ дар хона аз хонавода ҷудо шуда буданд, аммо ҳангоме, ки сарпарастии онҳо ба як хонаводаи масеҳӣ супорида шуда буд, падари ин хонавода бидуни таваҷҷуҳ ба эътиқодоти мазҳабии онон барои субҳона сандвичи гушти хук ва тухми мурғ барояшон омода карда ва ононро маҷбур ба хурдани он кардааст. Вай гуфтааст ман бикен (сандвичи гушти хук) тайёр мекунам ва шумо бояд онро бихуред! ба яке аз кудакон дар як маросим низ хатдаги ғайри ҳалол хуронда шуд.
Падари ин хонавода дар Йорк Шайр муттаҳам шуда, ки нақши Худоро бозӣ карда ва эътиқоди исломии кудаконро нодида гирифтааст. Анҷела Фнеритӣ қозии додгоҳ ин амалро шармовар хонд.
Падари ин кудакони мусулмон ба додгоҳ шикоят кардааст. Модари вай низ гуфт, ман ҳаргиз фарҳанги худамро дар мароҳили додгоҳ таҳмил накардам, аммо сабру ҳавсалаи ман низ маҳдудае дорад!
Вай гуфт, Шурои муроқибат аз кудакон, мусулмононро дуст надоранд ва дилашон намехоҳад бачаҳои мусулмон аз волидайни мусулмон бо фарҳанги исломӣ бузург шаванд.
Ба назар мерасад волидайни ғайри мусулмон саъй доштаанд кудаконро ғарбӣ ва мухолиф бо мазҳаб бузург кунанд.