Пешгирии Ҳинд аз баргузории ҷашни милоди Паёмбар (с) дар Кашмир
Низомиёни ҳиндӣ монеи баргузории ҷашни милоди Паёмбар (с) ва “ҳафтаи ваҳдат” дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар шуданд.
Барои нахустин бор дар таърихи Кашмири таҳти контроли Ҳинд, мардум аз баргузории ҷашни милоди Паёмбари гиромии Ислом (с) ва “ҳафтаи ваҳдат”, манъ шуданд ва низомёни ҳиндӣ иқдом ба саркӯби онҳо карданд.
Давлати Ҳинд дар тавҷеҳи ҷилавгирӣ аз баргузории ин ҷашн, вазъияти фавқулода дар Ҷому ва Кашмирро баҳона қарор додааст.
Ин чандумин бор дар се моҳи ахир аст, ки мақомоти амниятии Ҳинд монеъ аз баргузории маросими мазҳабӣ дар Ҷому ва Кашмир мешаванд.
Давлати Ҳинд 5 август ихтиёроти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмирро лағв кард.
Дар пайи ин иқдом, ки ба эътирози саросарии мардуми Кашмир мунҷар шуд, давлати Ҳинд зимни барқарории муқарорати манъи рафту омад, даҳҳо нафарро бозодшт кард.
Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бари тамоми Кашмирро доранд.
Муноқишаи Ҳинд ва Покистон бар сари Кашмир дар ҳоле аст, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа таъкид дорад, аммо Деҳлии Нав бо баргузории ин ҳамапурсӣ мухолифат мекунад.