Ноябр 11, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар ҳамкории Русия бо Осиёи Марказӣ ва Евразия

Раисиҷумҳурии Русия дар конфронси «Бошгоҳи байналмилалии гуфтугӯи Валдай» гуфт, Маскав омодаи ҳамкории созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Евразия аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар даҳумин конфронси «Бошгоҳи байналмилалии гуфтугӯи Валдай» эълом кард, кишвараш Русия ба думболи ҳамкории созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тамоми маҳдудаи Евразия ба сурати баробар аст.

Путин дар баёнияе, ки онро Владимир Тюрденев, сафири Русия дар Узбакистон қироат кард гуфт, мо мӯътақидем, ки сулҳ ва муваффақият дар маҳдудаи Евразия муҳиммтарин шарти барои амният ва субот дар меъёри ҷаҳонӣ аст.

Даҳумин нишасти осиёии Валдай бо мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Евразия, ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар муқобили ситезаҷӯҳо ва беназмии ҷаҳонӣ» аз дирӯз дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз шуд ва имрӯз ба кори худ поён дод.

Дар ин конфронси ду рӯза дипломатҳо ва донишмандоне аз Русия, Тоҷикистон,Узбакистон, Олмон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва дигар кишварҳо гирди ҳам омаданд.

Баргузории ин нишаст дар Узбакистон бо хатти маши сиёсии ҷадиди Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ин кишвар, ки равобити мутақобили худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври куллӣ тағйир додааст, иртибот дорад.

 

Барчасп