Ноябр 12, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тақдир аз хадамоти сарбозони мусулмони артиши Канада

Канада, маросимеро барои эҳтиром ба мусулмононе, ки дар артиши ин кишвар хидмат карданд баргузор кард.

Ёдбуди сарбозони мусулмони артиш ҳамзамон бо бузургдошти сарбозони кушташуда дар ҷангҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Кингстон-и Канада баргузор шуд.

Ба нақл аз ИКНО, Шурои имомони ҷамоати Канада, хадамоти исломии Канада ва Шурои миллии мусулмонони ин кишвар (NCCM) аз ҷумла ҳомиёни молии ин маросим буданд.

Ин маросим ба ифтихори мусулмононе, ки дар артиши Канада дар замони сулҳу ҷанг машғули хидмат будаанд, баргузор шуд.