Ноябр 12, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мусулмонони Ҳинд ба муносибати милоди пайёмбар (с)

Мусулмонони Ҳинд ба муносибати милоди пайёмбари акрам (с) ва фаро расидани Ҳафтаи ваҳдат ин муносибатро ҷашн гирифтанд ва дар шаҳрҳои мухталиф роҳпаймоӣ карданд.

Ба нақл аз ИКНО, мардуми Ҳинд бо баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати милоди пайёмбари акрам (с) дар шаҳрҳои мухталифи Ҳинд аз ҷумла Диҳлии Нав, иёлатҳои Моҳороштаро, Утарпрадеш, Гуҷарат ва шаҳрҳои Мумбай, Бхопал, Лекно ва Ҷипур ин муносибатро ҷашн гирифтанд.

Мусулмонони Ҳинд аъам аз шиа ва суннӣ ҳузури пуршуре дар роҳпаймоиҳо доштаанд. Мардум дар ин рӯзҳо бо озинбандии маъбарҳои умумӣ, масҷидҳо ва маконҳои мазҳабӣ ин муносибатро ҷашн мегиранд.

Ҳамчунин мусулмонон худравҳои худро ба сурати вижа тазйин мекунанд, то маросими  милоди пайёмбари акрам (с)-ро ҷашн бигиранд.

Дар Кашмир роҳпаймоӣ ба муносибати милоди пайёмбари акрам (с) аз сӯи мусулмонон  мамнуъ эълом шудааст ва иҷозаи иҷтимоъ ба мардум дода намешавад.

Барчасп