Ноябр 12, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
  • Намунакшамъ – суннати 500-солаи ҷашни милоди набавӣ дар Марокаш

Сокинони шаҳри Салои Марокаш бо роҳандозии ҳайате бо унвони ҳомилони намунакҳои шамъ ҷашни суннатии 500-солаи милоди Паёмбари акрам (с)-ро гиромӣ доштанд.

Ба гузориши ИКНА, ин намунак (миниатура)-ҳои шамъ дар забони маҳаллӣ «дурушшамъ» номида мешавад ва дар ин маросим илова бар ҳайати шаҳри Сало ҳайатҳое аз шаҳрҳои мухталифи Марокаш низ ҳузур пайдо карданд.

Абдулмаҷид Ҳисунӣ, аз масъулони баргузории ин маросим гуфт, Марокаш дар ҷашн гирифтани милоди Паёмбари акрам (с) дар сатҳи ҷаҳони Ислом равиши мунҳасир ба фарде дорад ва маросими «Дурушшамъ» шаҳри Салоро аз соири шаҳрҳои Марокаш мутафовит кардааст. Дар ин маросим, ки бо ҳунарнамоии гурӯҳи мусиқии фолклорӣ ҳамроҳ буд, як кӯдаки 7-сола бо пӯшидани либоси суннатӣ таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб карда буд ва хабарнигорон барои акс гирифтани аз ӯ наздаш ҷамъ шуда буданд ва ҳама дар майдони «Ашшуҳадо»-и шаҳри Сало ӯро ташвиқ мекарданд.

«Дурушшамъ» як намоиш зебо аст, ки дар он гурӯҳҳои суннатӣ аз шаҳрҳои мухталифи Марокаш ширкат мекунанд ва намунакҳои шамъ, ки бо тазйинот ва нақшҳои исломӣ зинатдодашударо ҳамроҳи каҷоваҳои гулдӯзишуда ҳамл мекунанд. Ҷашни «Дурушшамъ» баъд аз намози аср ва бо таҷаммӯъ дар бозори бузурги шаҳри Сало оғоз мешавад ва дар муқаддима ҷамъият, бузурги содоти тоифаи Ҳусейниюн, баъд аз онҳо ҳомилони намунакҳои шамъ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои мусиқӣ, таблзан ҳаракат мекунанд ва дар хиёбонҳои аслӣ мегарданд.