Ноябр 13, 2019 10:39 Asia/Dushanbe
  • Трамп вазъияти изтирории миллӣ дар баробари Эронро тамдид кард

Кохи Сафед аз тамдиди вазъияти изтирории миллӣ дар баробари Эрон ба муддати яксоли дигар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Кохи Сафед сешанбешаб дар баёнияе эълом кард, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико фармони вазъияти изтирории миллӣ дар бораи Эронро барои яксоли дигар тамдид кардааст.

Фармони вазъияти изтирории миллӣ дар бораи Эрон барои нахустинбор дар 15 ноябри 1979 тавассути раиси ҷумҳури вақти Амрико имзо шуд ва аз он замон ҳарсола тамдид шудааст.

Ин фармон ба раиси ҷумҳури Амрико  ин ихтиёрро медиҳад. ки амвол ва дороиҳои Эронро тавқиф кунад.

Амрико токунун миллиардҳо доллар аз дороиҳои Эронро ба сурати ғайриқонунӣ тавқиф кардааст.

Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ-саҳюнистӣ дар минтақа дорад.