Ноябр 13, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • 7 кушта бар асари таркиш дар наздикии Вазорати кишвари Афғонистон

Таркиши як дастгоҳ худрави бомбгузорӣ шуда дар Кобул пойтахти Афғонистон ҳафт кушта барҷо гузошт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, бар асари ин таркиш, ки субҳи рӯзи чаҳорашнбе дар наздикии Вазорати кишвари Афғонистон руй дод, 19 нафар низ захмӣ шуданд.

Тамомии куштаҳо ва захмиҳои ин таркиши террористӣ ғайринизомӣ ҳастанд.

Масъулони амниятии Афғонистон эълом карданд, ки ҳадафи таркиш дар шаҳри Кобул пойтахти ин кишвар худрави шаҳрвандони хориҷӣ будааст.

Як масъули амниятии афғон, ки хост номаш фош нашавад гуфт, дар таркиши субҳи рӯзи чаҳорашнбе дар ҳавзаи понздаҳуми амниятии шаҳри Кобул худрави шаҳрвандони хориҷӣ ҳадаф қарор гирифта, ки бар асари он се тан аз онҳо захмӣ шуданд.

Бархе гузоришҳо низ аз кушта шудани чанд шаҳрванди фаронсавӣ ҳикоят дорад.

Ин таркиш як рӯз баъд аз тасмими Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон барои мубодилаи се узви баландпояи Толибон аз ҷумла Анас Ҳақонӣ бародари саркардаи шабакаи террористии Ҳақонӣ, ки  дар зиндони амрикоии Багром ба сар мебарад бо ду шаҳрванди Амрико ва Фаронса, ки дар банди Толибон буданд ба вуқуъ пайваст.

То кунун ҳеҷ фард ё гуруҳе масъулияти ин таркишро баруҳда нагирифтааст.

Барчасп