Ноябр 13, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) ба ду забон дар Шветсия

Ҷашни мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) ба ду забони форсӣ ва шведӣ бо ҳузури мусалмонон фардо, 23-и обон дар Маркази исломии Имом Алӣ (а) дар Стокголм баргузор мешавад.

Маркази исломии Имом Алӣ (а) дар Стокголм ин маросимро фардо соати 19 ба вақти маҳаллӣ баргузор мекунад ва бо барномаҳои мухталифе ҳамроҳ аст.

Ба нақл аз ИКНА, қироати Қуръони карим, шеърхонӣ, пахши клипи муносибатӣ, суханронии муносибатӣ, мавлудхонӣ ва мусобиқоти фарҳангӣ бо эҳдои ҷоизаҳо аз барномаҳои маросим эълом шудааст.

Ин маросим ба забони форсӣ аст ва қарор аст рӯзи якшанбе 26-и обон низ аз соати 18:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ маросими ҷашни мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) ба забони шведӣ дар Маркази исломии Имом Алӣ (а)-и Шветсия баргузор шавад.