Ноябр 15, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ҷоизаи ҷаҳонии Ибни Сино ба донишманди амрикоӣ

Панҷумин ҷоизаи ҷаҳонии ахлоқ дар илм мавсӯм ба ҷоизаи Ибни Сино дар маросиме дар ЮНЕСКО ба профессор Доналд Браун, устоди донишгоҳи Уайлди Амрико эҳдо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҷоизаи Ибни Сино аз 15 соли пеш ба ибтикор ва пешниҳоди Ҷумҳирии Исломии Эрон дар конфронси умумии ЮНЕСКО тасвиб шуд.

Профессор Доналд Браун тавониста аст дар заминаи ахлоқ дар илм бавижа дар ҳавзаи муҳити зист ва тағйироти обу ҳавоӣ муваффақиятҳои чашмгире бадаст оварад.

Вай дар суханоне кӯтоҳ дар ин маросим, сиёсати давлатҳо дар бахши муҳити зистро, ки бидуни риояти масоили ахлоқӣ аст, ба чолиш кашид.

Ҷоизаи Ибни Сино ба афрод ё гурӯҳҳое тааллуқ мегирад, ки пажӯҳишҳои илмии онон дар заминаи  ахлоқ дар илм ва фанноварӣ марҷаъияти академӣ ёфта ва маншаи тавваҷуҳи маҳофили илмӣ ва донишмандони ҷаҳонӣ қарор гирифта бошад.

Ҷоизаи Ибни Сино танҳо ҷоиза дар мавзӯи ахлоқ дар илм аст, ки дар СММ расмият дорад.

Тибқи муқаррароти ҷоизаҳои ЮНЕСКО, эҳдои ин ҷоиза бар асоси интихоби ҳайати доварони байналмилалӣ сурат мегирад.