Ноябр 16, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Шилики ду ракет аз Ғаззаҳ ба шаҳраки саҳюнистии Беер Алсабъ

Бомдоди шанбе ду рокет аз навори ғаззаҳ ба суи шаҳраки саҳюнистии Беер Алсабъ шилик шудааст.

Ба нақл аз Форс, артиши режими Саҳюнистӣ мудаъӣ шуд,ки сомонаи Гунбади оҳанин ҳар ду ракетро раҳгирӣ ва нобуд кардааст.

Бештари расонаҳо аз садо даромадани занги хатар дар шаҳраки Беер Алсабъ хабар дода буданд.

Гурӯҳҳои муқовимат дар Ғаззаҳ аз ҷумла Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо режими Саҳюнистӣ бар сари оташбас ба тавофуқ расиданд, ин оташбас бо миёнҷигарии тарафи Мисрӣ ҳосил шуд.

Бар асоси ин тавофуқ, даргириҳо дар Ғаззаҳ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин мутавақиф шудааст. Ҷиҳоди исломӣ таъкид кардааст,ки ҳар тавофуқи оташбасе бояд шартҳои ин Ҷунбиш ,шомили тавақуфи амалиёти терор алайҳи раҳбарони муқовимат, тааруз ва шилик накардан ба роҳпаймоии Ҳақи бозгашти навори Ғаззаҳ ва коҳиши муҳосираи Ғаззаҳро дар бар бигирад.

Ҳамлаҳои ҳавоии саҳюнистҳо ба Ғаззаҳ беш аз 30 шаҳид ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Дар муқобил гурӯҳҳои Муқовимат ,беш аз 400 мушак ва ракет ба Фаластини ишғолӣ шилик карданд ва идорот ва мадрасаҳои шаҳракҳои саҳюнистнишинро ба муддати ду рӯзи пай дар пай ба таътилӣ кашонданд.

Барчасп