Баргузории мусобиқоти миллии Қурон дар иёлотиЛогус
Мусобиқоти миллии Қурони Нигерия дар иёлоти Логус баргузор мешавад.
Ба нақл аз ИКНА, Созмони ҷомиъаи мусалмонони Нигерия қасд дорад сиввучорумин давраи мусобиқаҳои миллии ин кишварро бо шиори Логус дар хидмати Қурон баргузор кунад.
Бинобр эъломи бргузоркунандагон , ҳади ақал 370 ширкаткунанда аз 32 иёлоти ин кишвар дар ин мусобиқаҳо ба рақобат хоҳанд пардохт.
Утумбо Абдулфатоҳ Улукуго раиси кумитаи баргузории мусобиқаҳо эълом кард,ки ин мусобиқаҳо солона бештар ҷанбаи омӯзишӣ дорад ва ҳадаф аз он тақвияти робитаи насли ҷавон бо Қурон аст.
Ин мусобиқаҳо дар 6 ришта дар ду бахши мардон ва занон баргузор мешавад ва барои нафарҳои бартари ин мусобиқаҳо , ҷоизаҳое аз ҷумла сафари ҳаҷ, сечарха , маторсиклет ва ҷоизаҳои нақдӣ дар назар гирифта шудааст. Қарор аст, ин мусобиқаҳо дар санаи 27 декабр оғоз шавад.