Дидори шайх Алазҳар бо поп Франсис
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48415-Дидори_шайх_Алазҳар_бо_поп_Франсис
Шайх Алазҳар бо поп Франсис дидор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 16, 2019 14:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори шайх Алазҳар бо поп Франсис

Шайх Алазҳар бо поп Франсис дидор кард.

Ба нақл аз Ҳавзаҳ, Аҳмад Алтайиб Алазҳар ба Ватикан сафар карда ва бо поп Франсис раҳбари калисои католикҳои ҷаҳон дидор кард.

Тарафайн дар ин дидор дар бораи роҳҳои ҳамкории Алазҳар ва Вотикон дар ростои ҳуқуқи бародарӣ инсонӣ гуфтугу карданд.

Поп Франсис дар ин дидор изҳори умедворӣ кард ин дидорҳо ва ҳамкориҳо миёни ду ниҳоди динии ислом ва масеҳият муҷиби тақвият ва нашри мабонии бародарӣ ва фарҳанги ҳамзистии муштарак миёни пайравони адён шавад.

Поп Франсис гуфт ; муасисаҳои динии бузурги ҷаҳон масулияти бузурге дар нашри арзишҳое монанди муҳаббат ва сулҳ доранд ва бародарӣ ва дӯстии таърихӣ миёни ислом ва масеҳият далеле аст,ки башариятро ба самту суи сулҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзистӣ ва ҳокимияти инсоният дар ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад ва паёме барои виҷдонҳои бедори ҷаҳон аст то хушунат ва ифротро раҳо кунанд.

Вай афзуд ; рӯзгоре буд,ки бародарӣ инсонӣ орзуи дуруст буд аммо имрӯз ба хости Худованд ба як воқеъият табдил шудааст.

Алтайиб ва Попи Вотикон аз иҳтимоми ҷаҳонӣ ба санади бародарӣ инсонӣ қадрдонӣ карданд ва хостор шуданд,ки таваҷуҳ ба ин санад ба марҳалаи барномарезӣ ва қонунгузорӣ бирасад ва иқдомҳои амалӣ сурат гирад, битавонад арзишҳои муҳаббат ва бародариро миёни мардум тарвиҷ кунад.

Санади бародарӣ инсонӣ санаде аст,ки дар дидори гузаштаи Поп Франсис бо шайх Алазҳар дар 15 баҳмани 1397 миёни ин ду ба имзо расид.